- миннат
- [منت]а1. кит. некӣ, эҳсон, марҳамат2. кит. шукр, сипос; миннат кардан сипосгузорӣ кардан, миннатдорӣ кардан3. некӣ ё эҳсони дар ҳаққи касе кардаи худро ба ёди вай овардан ва ба рӯи вай задани кас: бе музду миннат музд нагирифтаву миннат карда; миннат бардоштан // бори миннат(-и касеро) кашидан зиллату хории некии касеро кашидан, барои некии касе худро аз вай қарздор ҳис кардан; миннат гузоштан (кардан, ниҳодан) ба касе некии дар ҳаққи касе кардаи худро ба вай ёдовар карда, ба гарданаш бор ниҳодан◊ миннат ба ҷонам бе ҳеҷ гуна миннатгузорӣ, бо ҷону дил (дар мавриди ягон некӣ кардан ба касе мегӯянд)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.